Муаррифии марҳилаи дуюми барнома ҷиҳати маблағгузории сохтмони манзил
Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардиданд, байни Бонки Олмонии Рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил (марҳилаи дуюм) ба маблағи 8,0 млн. евро имзо гардида буд.
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо конфронс баргузор гардид. Дар оғози конфронс муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс оид ба ҳадафи чорабинии мазкур ва моҳияти лоиҳаи татбиқшаванда ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи чорабинӣ аз шинос намудани иштирокчиёни эҳтимолӣ, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба марҳилаи дуюми лоиҳаи маблағгузории манзил мебошад, ки дар доираи Барномаи «Рушди низоми молиявии хурд дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» татбиқ карда мешавад. Моҳияти Барномаи мазкур аз пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздии хурд иборат мебошад, ки онҳо метавонанд маблағи молиявии дастрасшударо барои қарздиҳӣ ба шахсони воқеӣ бо асъори миллӣ барои маблағгузории сохтмони манзил пешниҳод намоянд.
Айни замон марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур бомуваффақият амалӣ шуда истодааст, ки дар он чор ташкилоти қарздиҳии хурд ширкат меварзанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ лоиҳаи Барномаи маблағгузории сохтмони манзил ба рушди маводи сохтмонӣ ва дар натиҷа таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Раванди татбиқи лоиҳа шаффоф сурат гирифта, ба он мушовирони аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд интихобшуда кумаки техникӣ мерасонанд.
Лоиҳа, пеш аз ҳама, беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоии сокинони деҳотро пайгирӣ менамояд, яъне қарзро бо асъори миллӣ ва фоизи мувофиқ дастрас намуда, аҳолии деҳот имконият пайдо мекунанд, ки шароити манзилии худро беҳтар намоянд.
Дар конфронс намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.