Навиди Вазорат



Ташрифи Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ба ноҳияи Данғара

.

  

12 июни соли 2024 Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер дар ҳошияи вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуд.

Зимни боздид нахуст Президенти БИР аз Қасри фарҳанг ва Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, қайд кард, ки аксу хотираҳои айёми ҷавонӣ дар осорхона воқеан аз созандакору ободкор будани Пешвои миллат то имрӯз дарак медиҳад.

Сипас аз бинои нави Маркази саломатии ноҳия ва ҳолати амалишавии лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара дидан карда, бо хушнудӣ иброз дошт, ки БИР барои татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудааст.

Ҳамзамон дар идомаи сафар Президенти БИР аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯсфандҳои хушзоти тоҷикӣ дидан намуд.

Президенти БИР баъди боздид аз ноҳияи Данғара таассуроти неки худро аз меҳмоннавозии сокинони ноҳия баён намуда, иброз дошт, ки ноҳия дорои беҳтарин имкониятҳо барои рушди ҳама самтҳо мебошад.

Қайд бояд кард, ки 11 июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.