Баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ
21 июни соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзӯи «Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пайдоиши заминаҳо ва ё барномаҳои нави телефонӣ, беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва дигар қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, дар доираи онҳо як қатор тадбирҳои мушаххас ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.
Инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади тезонидани суръати рушди иқтисоди кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии рушд Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, ҷиҳати амалинамоии тадбирҳои пешбинигардидаи ин барнома, барасии мавзӯи мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар ин раванд муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Икромӣ Сироҷиддин, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ - Бодуршозода Мералӣ ва сардори Департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон - Салоҳиддинов Шуҳрат вобаста ба корҳои анҷомдодашуда бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ, бахусус вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт тариқи рӯнамо гузориш пешниҳод намуданд.
Дар баррасии масъалаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аъзои Ситод муҳокимаронӣ ва таклифҳо пешниҳод карданд.
Дар охир аз натиҷаи баррасии масъалаи қайдгардида ҷаласаи Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд.