Навиди Вазорат



Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Рӯзҳои 11-12 июли соли 2024 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT), ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Нуриддинзода Аҳлиддин дар бахши муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши пайвастшавии усулҳои ҳушманди марбут ба иқлим ва савдои рақамӣ, инчунин долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди устувор» баромад намуда, зарурати такмили фаъолияти ҷории Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA)-ро таъкид дошт.

Инчунин, қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун Раиси Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо дар робита корҳои муштараки амалигардидаи минтақавӣ вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо маълумот манзур намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамоҳангсозии онҳоро бо меъёрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои кишварҳои Аврупо (UNECE) мувофиқи мақсад шуморид.

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное