Навиди Вазорат



Гуфтушунидҳо ва ҷаласаи 11 - уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар натиҷа Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми умумии 141 млн. евро грант ва қарзҳои имтиёзнок, аз ҷумла 101 млн. евро грант ҷудо менамояд

.

  

16 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуда, дар доираи ҷаласаи мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ/Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласа ва гуфтушуниҳо масъалаи ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои бо Иттиҳоди Аврупо сол то сол рушд ёфта, ба сатҳи баланд расиданд.

Зимни вохӯрӣ Завқизода З. А. оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои қайдгардида мухтассар маълумот дода, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Дар натиҷа Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 141 млн. евро грант ва қарзҳои имтиёзнок, аз ҷумла 101 млн. евро грант ҷудо менамояд.

Инчунин вобаста ба манфиатҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии НБО “Роғун” барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз Иттиҳоди Аврупо даъват карда шуд, ки барои сохтмони ин иншооти бузург маблағ ҷудо намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.