Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Узбекистон
18 июли соли 2024 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Узбекистон доктор Муҳаммад Мунир-ул-Ислом вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла бо Бангладеш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои муосир ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.
Қайд гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, бахусус бомаротиб зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.
Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нассоҷӣ, корхонаҳои фармасевтӣ, ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.