Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ
22 июли соли 2024 тариқи видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои аъзои SPECA, намояндагиҳои доимии давлатҳои иштирокчӣ дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа иҷрои қарорҳои Эъломия SPECA (24 ноябри соли 2023, Боку), масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди SPECA дар Душанбе, таъсиси Фонди боварии СПЕКА, баррасӣ гардиданд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи SPECA аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин Тоҷикистон роҳбарии Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро бар уҳда дорад ва мулоқоти имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узви SPECA, таъсиси Фонди SPECA ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои устувори савдо дар минтақа дар он матраҳ гардиданд.
Инчунин ҳамкориҳои васеътари байниҳукуматӣ дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором таъмин намуда, дар таҳкими назарияи умумии кишварҳои узви SPECA дар арафаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарикунандаи он, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, саҳмгузор бошад.
Зимни мулоқоти маҷозӣ Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ», содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ», Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардида, мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.