Навиди Вазорат



Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСК «Помир Энерҷӣ» Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расонида шуд

.

  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Германия корбарӣ дорад.

Тибқи тағйирот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Рушди Олмон (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо (Гиранда) ва ҶСК «Помир Энерҷӣ» (Иҷрокунандаи лоиҳа) ба имзо расидааст, дар маҷмуъ аз ҷониби Бонки Рушди Олмон 44,4 млн. евро грант ҷудо мегардад.

Бо ин мақсад 25 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раимов тағйирот ба Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, энергияи сабз сохта шуда, он дар рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад.