Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

27 августи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардида, ҷонибҳо бо мақсади афзоиши содироти маҳсулот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, нақлиёт, логистика, имкониятҳои истифодабарии бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Завқизода З. А. пеш аз ҳама қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои дуҷониба давра ба давра тамоюли рушдро касб намудаанд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар соли 2024 давраи раисии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад ва дар ин марҳила ташаббусҳои созанда дар фаъолияти созмон назаррасанд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар ба Завқизода З. А. даъватномаи Вазири федералии савдои Покистон Ҷам Камал Ханро ҷиҳати иширок дар ҷаласаи вазирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаҳои иқтисодии хориҷӣ ва савдои хориҷӣ, ки рӯзи 12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Исломобод баргузор мегардад, супориданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба ва истифодаи пурраи имкониятҳои ҳар ду кишвар омодагии худро иброз намуданд.

  

  

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное