Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мукофоти давлатии ордени «Дӯстӣ» тақдим карда шуд
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 августи соли 2024, №847 ба Президенти Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мукофоти давлатии ордени «Дӯстӣ» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тақдим карда шуд, ки онро 4 сентябри соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода З. А. тавассути видеоконфронс ба Президенти БИР расонид.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. баён намуд, ки сарфароз гардонидани Президенти Бонки Исломии Рушд бо мукофоти давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели собит намудани нақши арзандаи бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар навбати худ Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ бо мукофоти давлатӣ, инчунин дар оянда афзоиш додани маблағгузории Бонкро барои рушди соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон баён намуд.
Тавре пештар иттилоъ дода шуда буд, дар ҳошияи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер 10 июни соли 2024 Созишнома оид ба лоиҳаи сохтмони лоти 4-и НБО «Роғун» ба маблағи 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи фондҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.
Қайд бояд кард, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои сармоягузории муҳимро ба маблағи умумии 916 миллион доллар татбиқ намудааст.
Аз ҷумла ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.