Навиди Вазорат



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

.

  

6 сентябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният намуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату амнияти миллӣ ва ободу зебо гардидани кишвар маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.

Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 23 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000 то 130,8 млрд. сомонӣ дар соли 2023 ё 73 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000 то 12,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2023 ё 45 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 112,7 млрд. сомонӣ дар соли 2023 ё 112 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 3648 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 2958 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиву амниятиро аз даст надода, доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, бахусус таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳои мансабӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ аз пештара бештар талош намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба як қатор кормандони вазорат, муассисаҳои зертобеъ ва раёсатҳои иқтисоди шаҳру ноҳияҳо барои саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ифтихорнома тақдим гардид.