Навиди Вазорат



Вохӯрӣ бо Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ҷаноби Чанг Вон Сам

.

  

7 сентябри соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии якҷояи Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) ҷаноби Чанг Вон Сам баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 6 сентябри соли 2024 ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷалби бештари сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаҳои нақлиёт, саноат ва технологияҳои муосир, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигарҳоро муҳокима ва пайгирӣ намуданд.

Дар навбати худ Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ҷаноби Чанг Вон Сам пешниҳодҳоро хуб пазируфта, омодагии ҷониби худро ҷиҳати дар оянда афзоиш додани маблағгузории KOICA барои рушди соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар баён намуд.