Навиди Вазорат



Ҷаласаи машваратӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар шаҳри Душанбе

.

  

16 сентябри соли 2024 тариқи видеоконфронс ҷаласаи машваратӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони вазирони иқтисоду савдои кишварҳои аъзои SPECA, намояндагиҳои доимии давлатҳои иштирокчӣ дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Комиссияи иқтисодӣ СММ барои Аврупо, инчунин Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди SPECA, аз ҷумла, ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии SPECA дар шаҳри Душанбе, лоиҳаи «Эъломияи Душанбе», ташаббусҳои кишварии ҷонибҳо ва Тоҷикистон, инчунин таъсиси Фонди боварии SPECA баррасӣ гардиданд.

Зимни мулоқоти маҷозӣ Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 августи соли 2024, №22/10-54 рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи SPECA, аз ҷумла ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии SPECA тасдиқ гардидааст.

Дар ин раванд Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаҳо дар доираи барномаи SPECA аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар давраи раёсати худ «Рушди сабз»-ро ҳамчун масъалаи муҳими баррасишаванда пешниҳод намудааст.

Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин изҳор дошт, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи SPECA яке аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин Тоҷикистон роҳбарии Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро ба уҳда дошта, мулоқоти имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узви SPECA, таъсиси Фонди боварии SPECA ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои устувори савдо дар минтақа дар он матраҳ гарданд.

Бо ин нигоҳ ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба таври васеъ тақвият хоҳад ёфт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.