Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC)

.

  

18 сентябри соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордали, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, баргузор гардид.

Завқизода З. А. имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишварро муаррифӣ намуда, аз Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дархост намуд, ки ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ ва офтобӣ, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.

Дар навбати худ Директори асосии амалиёти Корпоратсия ҷаноби Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.