Навиди Вазорат



Шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»

.

  

26 сентябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин - муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо иштироки корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Умарова Бибираҷаб Маҳмадқуловна ҷиҳати фаҳмонидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҷаласа баргузор гардид.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур ин огоҳ будан аз тағйироти воридшуда ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва таъмини иҷрои талаботи онҳо аз тарафи ҳамаи кормандони вазорат мебошад.

Вобаста ба зарурати қабули қонунҳои қайдгардида дар таҳрири нав намояндаи Прокуратураи генералӣ Умарова Б. М. суханронӣ карда, доир ба шарҳи ҳар як тағйироти воридшуда ба қонунҳо изҳори назар намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ муҳокимаронӣ ва саволу ҷавоб миёни кормандони вазорат ва намояндаи Прокуратураи генералӣ сурат гирифт.