Навиди Вазорат



Ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

27 сентябри соли 2024 зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо иштироки Раҳимҷан Асангазиев иҷрокунандаи Роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, аъзои Шӯро ва шарикони рушд ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Солеҳзода А. А. дар оғози ҷаласа қайд намуд, ки фаъолияти Шӯро барои расидан ба ҳадафи олии стратегӣ - баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ки дар заминаи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба даст меояд, муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҷаласа таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ, методологияи нави арзёбии сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ва таҷрибаи ҷаҳонии арзёбии табақаи миёнаи аҳолӣ муаррифӣ гардиданд.

Қарор карда шуд, ки методологияи нави арзёбии сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, ки дар мувофиқа бо аъзои Шӯро таҳия карда шудааст, тасдиқ карда шавад. Ҳамзамон Котиботи Шӯро вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии омор, гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи методологияи арзёбии табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистонро таҳия намуда, то охири соли 2024 ба ҷаласаи Шӯро барои тасдиқ пешниҳод намояд.