Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор

.

  

30 сентябри соли 2024 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари Миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гартнер баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. ба ҷаноби Мэтю Гартнер доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ҳашт моҳи соли 2024 маълумот пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2024 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаву стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Дар охир Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо назардошти таъмини суръати рушди иқтисоди кишвар дар ҳашт моҳи соли 2024 дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 бозбинӣ ва баланд карда шавад.