Навиди Вазорат



Муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар

.

  

2октябри соли 2024 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми тиҷоратии Муколамаи Ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат», ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Завқизода З. А. қайд намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зеҳни сунъӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт Ҳукумати кишвар як қатор корҳои муҳимро амалӣ намудааст.

Аз ҷумла Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Дар баробари ин маълумоти мухтасар оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси zypl.ai – аввалин стартап дар Тоҷикистон ва фаъолияти бомуваффақияти он дар 12 бозори ҷаҳон, оғози Академияи зеҳни сунъӣ аз рӯи барномаи Донишгоҳи Стэнфорд дар кишвар ва ҷорӣ намудани ихтисоси зеҳни сунъӣ дар 7 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баён гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ дар соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дода, тибқи дурнамо то соли 2030 тақрибан ба 2 триллион доллар афзоиш меёбад. Ӯ илова намуд, ки татбиқи зеҳни сунъӣ метавонад то соли 2030 ММД-и ҷаҳонро 14 фоиз ё тақрибан 16 триллион доллар афзоиш диҳад.

Дар ҷамъбасти суханронӣ Завқизода З. А. дар баробари натиҷаҳои бадастомада бо мақсади татбиқи самараноки ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорӣ барои амалигардонии лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ даъват ба амал овард.

Қайд бояд кард, ки дар Форуми мазкур аъзои ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода С. Н., Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулмаҳмадзода З. А. ва Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷумахонзода Ҷ. Ҷ., инчунин намояндагони кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё ва ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва коршиносон дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ иштирок доштанд.