Навиди Вазорат



Вохӯрии кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб

.

  

2 октябри соли 2024 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар доираи Форуми тиҷоратии Муколамаи Ҳамкории Осиё вохӯрии кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Сонӣ бин Аҳмад Ал Зиёдӣ баргузор гардид.

 

Қайд гардид, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зери таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Завқизода З. А. аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки барои ҷалби сармояи Аморати Мутаҳидаи Араб ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, зеҳни сунъӣ ва сохтмони инфрасохтори логистикию сайёҳӣ мусоидат намояд.

Қайд гардид, ки дар соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии дуҷониба 84 фоиз ва дар ҳашт моҳи соли 2024 1,1 фоиз афзоиш ёфта бошад ҳам, вале имкониятҳои истифоданашуда хело зиёданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.