Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест ва Намоишгоҳи Бохтарфуд – 2024»
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – содиротии «Хатлон инвест ва Намоишгоҳи Бохтарфуд – 2024» бахши алоҳида дар мавзӯи «Пешбурди истеҳсолоти инноватсионӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабини 17 октябри соли 2024 дар қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гузаронида шуд, ки дар кори он соҳибкорону сармоягузорон, меҳмонон аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.
Дар кори бахш имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳмияти он ва таҷрибаи яке аз субъекти нав дар минтақаи озоди иқтисодӣ муаррифӣ гардид. Ҳамзамон дар кори бахш маърӯзаҳо аз ҷониби намояндагони кишварҳои хориҷӣ тариқи маҷозӣ дар самти таҷрибаи муваффақи рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ шунида шуд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ташкили шароити мусоид барои муколама ва шиносоӣ аз таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Дар фарҷоми бахши мазкур панҷ санади ҳамкорӣ дар ҳаҷми 32 миллион доллар байни маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Маълумоти муффасал оид ба санадҳои қайдгардида дар саҳифаҳои интернетии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар оварда шудааст.