Навиди Вазорат



Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Барномаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ва намояндагони Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV)

.

23 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Директори Барномаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон – Имаи Сейҷу ва намояндагони Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Нуриддинзода А. Н. аз ҷониби ҷопонӣ ҷиҳати ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Ёддошти табодулӣ оид ба фиристодани волонтёрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 августи 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, қадами нав дар рушди муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ёддошти мазкур барои фиристодани волонтёрони ҷопонӣ ба бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои навро фароҳам овард.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони JOCV оид ба шарту шароит ҷиҳати интихоб шудан ҳамчун волонтёр, раванди дархост намудани волонтёрон аз ҷониби кишвари дархосткунанда, инчунин вобаста ба раванди фаъолияти онҳо дар муассисаҳои ҷумҳурӣ рӯнамо намуданд.

Нуриддинзода А. Н. вобаста ба фиристодани зиёди волонтёрони ҷопонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаъолият дар самтҳои афзалиятноки кишвар аз намояндагони барномаи қайдгардида даъват ба амал овард.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд иброз намуданд.