Навиди Вазорат



Баррасии масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва рушди рақамисозии иқтисодиёти миллӣ бо Иттиҳоди Аврупо

.

  

5 ноябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вохӯрии Муовини вазир Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва рушди рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ин мулоқот шахсони зерин намояндагӣ карданд: - Петерис Устубс — Директори Раёсати генералии шарикии байналмилалӣ, Шарқи наздик, Осиё ва Уқёнуси Ором - Кароблис Раймундас — Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон - Изабель Уриз — Мудири шуъба оид ба ҳамкорӣ - Титийен Амати — Мутахассиси масоили сиёсӣ - Мигель Роча — Мутахассиси масоили сиёсӣ.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва нақши муҳимми рақамисозӣ дар рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор карданд. Насриддинзода Р.Ҳ. ба дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ изҳори сипос намуда, нақшаҳои стратегии Тоҷикистонро дар ин самт муаррифӣ намуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ таъкид карданд. Ин вохӯрӣ қадами муҳим дар роҳандозии ҳамкории бештар дар самти рушди рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои иқтисодии дуҷониба маҳсуб меёбад.