Навиди Вазорат



Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар нишасти Гурӯҳи кории С5+1 оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ

.

 

  

Имрӯз нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баргузор гардид.

Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин-муовини Вазири рушди иктисод ва савдо зимни баромад қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намудаанд. 

Ҳамзамон Нуриддинзода А. Н. вобаста ба пайвастшавии савдо ҳамгироии байнидавлатӣ ва беруна, мутобиқсозии тартиботи гумрукӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва таъмини дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии тиҷоратӣ дар минтақа, бахусус барои рушди инфрасохтори роҳҳо, роҳи оҳан ва шабакаҳои рақамӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Дар охири нишасти мазкур ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати такмили инфрасохтор, содагардонии расмиёти гумрукӣ, таъмини экосистемаи рушдёфта ва мутақобилан судманд барои ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баён намуданд.