Навиди Вазорат



Ҷамъбасти Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

20 ноябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии ҷамъбастии Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» бо иштироки муовини Вазири рушди иктисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин, намояндагони сафорати Олмон дар Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд (KfW) ва дигар шарикон баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Нуриддинзода А. Н. ба намояндагони Ҳукумати Олмон ва Бонки Олмонии Рушд барои саҳми арзанда дар ин барнома изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар муайян гардидааст.

Инчунин қайд гардид, ки ин барнома аз оғоз дар моҳи майи соли 2021 панҷ муассисаи микромолиявии Тоҷикистонро дастгирӣ карда, барои тақвияти занҷираҳои арзиши иловашуда дар кишоварзӣ ва дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи маҳаллӣ мусоидат намуд.

Нуриддинзода А. Н. таъкид намуд, ки ин барнома тавонист дастрасии деҳқонон ба захираҳои молиявиро беҳтар намуда, рушди устувори иқтисодиро дар минтақаҳои деҳот таъмин созад. Ҳамчунин барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар ва тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки Олмонии Рушд изҳори омодагӣ карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба тамоми шарикон ва иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон дар иҷрои барнома изҳори сипос карда шуд.