Навиди Вазорат



Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон”

.

  

22 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми байналмилалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 300 нафар иштирок намуданд.

 

Форум аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ташкил ва баргузор шуд. Мақсад аз баргузории Форум муаррифии имкониятҳои сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фароҳам овардани майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷриба бо мақомотҳои давлатӣ, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, коршиносони байналмилаливу миллии соҳавӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар ин минтақаҳо ҷалби сармоя ва технологияи муосир, роҳандозии тиҷорати электронӣ ва принсипҳои иқтисоди “сабз” дар фаъолияти субъектҳои минтақаҳо мебошад.

Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои хоҷагидори минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар форум мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, намояндагони мақомоти дахлдор ва шарикони рушд сухани ифтитоҳӣ намуданд.

Баъдан ҷаласаи пленарӣ баргузор гардида, дар кори он аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, намояндагони шарикони рушди кишвар ва соҳибкорони муваффақ рунамоҳо вобаста ба масъалаҳои имкониятҳои сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ), рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои субъектҳои МОИ, муаррифии прототипи онлайн каталоги маҳсулоти истеҳсолшавандаи МОИ ва роҳандозии стартапҳо ва тиҷорати электронӣ дар МОИ –и кишвар баён гардид.

Дар Форум 11 санади ҳамкорӣ байни маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бо маблағи умумии 49,8 миллион доллар ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар доираи Форум иштирокчиён аз фаъолият ва имкониятҳои сармоягузории минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” шиносоӣ пайдо намуданд.