Навиди Вазорат



Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид

.

  

4 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср хонум Рания Ал-Машат баргузор гардид.

 

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур вохӯрии дуҷонибаи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Миср гузаронида шуданд.

Завқизода З. А. баён намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Қайд гардид, ки ҷаласаи Комиссияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мулоқоти роҳбарони ҳарду давлат дар 10 марти соли 2022 ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо назардошти манфиатҳои муштарак равона шудааст.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, фармасевтӣ, пойафзолбарорӣ, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сафолак, серанит ва гранит бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин соддагардонии расмиёти савдои тарафайн корбарӣ менамоянд.

Иқдомҳои номбурда барои афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамоянд.

Дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистону Миср се санади муҳим, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Арабии Миср, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср ба имзо расониданд.

Чорабиниҳо дар фазои дӯстона доир гардида, дар натиҷа тарафҳо бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудбуда омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.

Қайд бояд кард, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Арабии Миср таҳти роҳбари Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ иборат аз муовинони вазир ва сардорони раёсатҳои вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорони Миср аз 3 декабри соли 2024 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Инчунин ҳайати расмии Миср аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварда, ба тамаддун ва таъриху фарҳанги бойю қадимаи миллати Тоҷик баҳои баланд доданд.