Омодагии вилояти Суғд ба зимистони солҳои 2024-2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Санаи 5 декабри соли 2024 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласа таҳти раисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ситод муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ иштирок намудаанд.
Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он сафари корӣ анҷом доданд. Аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати молия, ҷамъияти матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мониторинг гузаронида шуда, гузориши дахлдор аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Камбудиҳои дар рафти мониторинги гуруҳи корӣ ошкоршуда ба иштирокчиёни ҷаласаи Ситод аз ҷониби Муовини якуми Вазорати рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ироа карда шуд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо он ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ситод муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супоришҳои мушаххас дода шуданд.