Ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд вобаста ба баррасии Стратегияи 10-солаи Бонк барои солҳои 2026-2035 иштирок намуд
12 январи соли 2025 ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин якҷо бо муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии БИР вобаста ба баррасии Стратегияи 10-солаи Бонк барои солҳои 2026-2035, ки дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Завқизода З. А. дар ҷаласаи машваратӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Гурӯҳи БИР ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ минатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба БИР дар Тоҷикистон дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ, лоиҳаҳои зиёдеро маблағгузорӣ намуда, дар пешбурди ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Дар рафти баромад лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси маркази логистикӣ бо мақсади банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисоди сабз, сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус лоиҳаи Роғун ҳамчун як ташаббуси бузурги минтақавӣ, таъсиси паркҳои технологӣ ва савдои электронӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ, барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ, амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи "Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ", тарҳрезӣ ва маблағгузории лоиҳаи "Гулистон-Кӯлоб" пешниҳод гардиданд.
Дар доираи чорабинӣ Завқизода З. А. бо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Ал Ҷассер мулоқот намуда, дархост кард, ки маблағгузории Гурӯҳи БИР-ро ба лоиҳаҳои афзалиятноки қайдгардида ба таври назаррас зиёд намоянд.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва зиёд намудани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР беш аз 900 млн. доллар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ маблағгузорӣ карда шудааст.