Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024 ва вазифаҳо дар соли 2025 баргузор гардид.

Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2024 аз ҷониби муовини вазир Восидиён Ф. С. гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод карда шуд.

Аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло дар маҷмуъ фаъолияти вазорат самарабахш арзёбӣ гардида, ҳамзамон вобаста ба ислоҳи як қатор камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти вазорат пешниҳодҳои мушаххас ва вазифагузорӣ карда шуд.

Солеҳзода А. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2025 ба масъулин супоришҳо дод.

Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.