Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маоден ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

  

15 январи соли 2025 дар доираи сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маоден ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ҳасанзода баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён заминаи устувор барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо фароҳам овардааст.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот паҳлуҳои калидии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор дода, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла НБО «Сангтуда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро муҳокима намуданд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки гардиши савдои хориҷии дуҷониба дар соли 2024 ба 378 миллион доллар ва ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ҳамагӣ 0,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо иқтидорҳои мавҷудаи ду кишвар хеле ночиз мебошанд ва зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро барои афзоиши савдои мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорӣ талаб менамояд.

Самад Ҳасанзода омодагии ҷониби Эронро барои густариши ҳамкориҳо изҳор намуда, пешниҳод кард, ки бо таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва афзоиши сармоягузорӣ, имкониятҳои нав барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳарду кишвар фароҳам оварда шаванд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ иброз намуданд.