Навиди Вазорат



Маъракаи ниҳолшинонии роҳбарият ва коллективи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, инчунин зерсохторҳои он дар Боғи Fалабаи шаҳри Душанбе

.

  

25 январи соли 2025 дар асоси ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки коллективи вазорат ва зерсохторҳои он маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи Ғалаба ташкил ва баргузор гардид.

Қайд бояд кард, ки дар пайи ин иқдоми наҷиб бо мақсади сарсабзу хуррамгардонии кишвари азизамон, бахусус пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, инчунин вусъати тадбирҳои ободонию сабзгардонии муҳити атроф дар майдони муайянгардидаи МД “Боғи Fалаба ва нигоҳдории ҷангал” дар майдони 1,2 га 1400 бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд шинондани дарахтони ороишиву сояафкан, бунёди боғу гулгашт ва сабзгардонӣ ба ҳолати экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки интихоби навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими пойтахт тобовар ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ, инчунин истифодаи маслиҳати мутахассисони соҳа дар раванди ниҳолшинонӣ аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон баҳисоб меравад.

Коллективи вазорат тасмим гирифтаанд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва сифатноки «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар анҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ ба кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти вазорат дастур дода шуд, ки минбаъд низ иқдоми сарсабзу хуррамгардонии гушаву канори кишвари азизамонро идома дода, дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ саҳмгузор бошанд.