Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимӣ ва Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 январи соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ва Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ Кристин Товмасян баргузор гардид.
Завқизода З. А. ба намояндагони СММ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуда, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар давоми 5 соли охир новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иктисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар, пешниҳоди кумаки молиявию техникӣ ҷиҳати тақвият бахшидани низоми миллии мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ба монанди Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 – 2025, таҳия ва муаррифии Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030 – ро муҳокима намуданд.
Қайд гардид, ки дар Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030 ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати омодагии СММ ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.