Навиди Вазорат



Ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарияти Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб вохурӣ намуд

.

  

3 феврали соли 2025, дар шаҳри Кувейт вохурии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар баргузор гардид.

Завқизода З. А. ба роҳбарияти Фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзандааш дар рушди инфрасохтори кишвар изҳори сипос намуда, махсусан аз маблағгузории сохтмони НБО Роғун, ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, қадрдонӣ кард.

Қайд гардид, ки то имрӯз Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намудааст.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб изҳори омодагӣ намуд, ки барои тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар маблаггузорӣ менамояд.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши сармоягузориҳои навро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувейт Зубайдзода Зубайдулло, муовини якуми Вазири молия Маҷидӣ Юсуф, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Худобахш Шарифа, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух, мудири бахши хориҷаи дури Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонов Баҳодур, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло, муовини Директори Агентии содирот Ҷамолзода Абдуғаффор, сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷовид Икромӣ, инчунин сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тимур Ёрибек буда, дар рафти сафар масъалаҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ бо ҷониби Кувейт баррасӣ гардиданд.