Навиди Вазорат



Ҳайати расмии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувейт вохӯрӣ анҷом дод

.

  

4 феврали соли 2025 дар шаҳри Кувейт мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувейт Сауд Ал-Сабоҳ баргузор гардид.

Дар оғоз Завқизода З. А. қайд намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувейт муҳтарам Шайх Мешъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба рушди ҳамкориҳои дутарафа такони ҷиддӣ бахшид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувейт таъсис дода шавад.

Дар робита ба ин аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла энергияи сабз, инфрасохтори авиатсионию сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ, лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва таҳияи механизми амалишавии лоиҳаҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдзода Зубайдулло, муовини якуми Вазири молия Маҷидӣ Юсуф, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Худобахш Шарифа, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух, мудири бахши хориҷаи дури Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонов Баҳодур, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло, муовини Директори Агентии содирот Ҷамолзода Абдуғаффор, сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷовид Икромӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тимур Ёрибек, инчунин сардори шуъбаи Африқои Раёсати Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷӣ Шарифзода Низомҷон иборат мебошад.

Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Кувейт идома доранд.