Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Британияи Кабир
14 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Британияи Кабир хонум Кэтрин Смиттон баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлатии Тоҷикистон баҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Британияи Кабир яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба ин Завқизода З. А. ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақими Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва расонидани кумаки техникӣ дар таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2026-2030, инчунин Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2026-2030 даъват ба амал овард.
Хонум Кэтрин Смиттон бо таваҷҷуҳи хоса аз рушди иқтисоди Тоҷикистон ёдовар шуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии дархосту пешниҳодҳои номбурда изҳор дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо бори дигар тасмими ҷиддии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баён намуданд.