Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори навтаъини Агентии ҳамкории байналмилалии Корея KOICA дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд

.

  

20 феврали соли 2024 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори навтаъини Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Сеунг-ҳун баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. ҷаноби Канг Сеунг-ҳунро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи нав самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкории судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои рушди иқтисодиёт ва навовариҳои рақамӣ боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо имрӯз дар самтҳои гуногун бо тамоми шарикони рушд, аз ҷумла KOICA тақвият ёфта, он яке аз шарикони калидии байналмилалии Тоҷикистон дар самти рушди устувор ва навовариҳо ба шумор меравад.

Зимни вохӯрӣ Завқизода З. А. муҳиммияти тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои мавҷудаи KOICA-ро таъкид намуда, ҷиҳати татбиқи шаш лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ дар соҳаҳои бунёди гармхонаҳои муосир, мустаҳкамсозии соҳил ва идоракунии обёрӣ, рушди илму таҳқиқот, сохтмони роҳҳои оҳан ва бунёди зеристгоҳҳои барқӣ бо арзиши умумии 53 миллион доллар даъват ба амал овард.

Канг Сеунг-ҳун дар навбати худ барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки KOICA татбиқи ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои вазоратро дастгирӣ мекунад. Дар ин замина ниҳод тамоми воситаҳо ва иқтидорҳои худро барои амалӣ сохтани лоиҳаҳо равона хоҳад кард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.