Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия бо қароргоҳ дар шаҳри Исломобод
Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия бо қароргоҳ дар шаҳри Исломобод Ҷамол Боқир Абдулло вохӯрӣ анҷом дод.
Завқизода З. А. нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими субот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуда, қайд кард, ки сиёсати созандаи роҳбарияти Олии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои гуногун заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳкими равобит дар бахшҳои афзалиятнокро таъкид карданд.
Дар баробари ин Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо назардошти иқтидори ҳарду кишвар дар соҳаи энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ ва саноат имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияи лоиҳаҳои муштарак, рушди технологияҳои обёрӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавҷуд мебошад.
Вобаста ба ин ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуда, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиро омили асосии афзоиши имкониятҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ донистанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, омодагии худро барои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.