Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
20 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.
Дар оғоз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин кормандонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, самимона табрику шодбош намуда, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расида, таъриху тамаддуни беш аз 6000-сола дорад».
Инчунин қайд намуданд, ки бо заҳмату талошҳои пурсамари Пешвои муаззами миллат ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Чунин ташаббуси дурандешонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат дар замони бархӯрди фарҳангҳо барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва шинохтани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун нақши арзишманд гузошт.
Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар вазорат бо анъанаҳои аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.