Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии заргарӣ «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» иштирок намуд

.

  

24 марти соли 2025 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии заргарӣ «Дар саргаҳи хазинаи Амударё», ки бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди индустриаливу инноватсионии соҳаҳои иқтисоди миллӣ доимо таваҷҷуҳи хосса дода, маҳз бо ин мақсад саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои рушди устувори иқтисоди миллӣ, захираҳои бойи металҳои қимматбаҳо, энергияи сабзи арзон, захираҳои меҳнатии ҷавон ва саводнок ва фазои сармоягузории мусоид буда, имкониятҳои васеи ҷалби сармоягузориро дар соҳаи саноати заргарӣ дорад.

Завқизода З. А. иброз дошт, ки дар соли 2024 ҳаҷми умумии тиҷорати металҳои қимматбаҳо дар ҷаҳон ба 360 млрд. доллар баробар гардида, то соли 2030 ба 500 млрд. доллар расонида мешавад. Нархи тилло бошад дар соли 2024 38 фоиз афзоиш ёфта, ба 3030 доллар барои як унтсия (28,3 г) баробар шуд.

Дар кори Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии заргарӣ «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» намояндагони Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд.