Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд

.

  

7 апрели соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд (БАОР) дар Тоҷикистон Якунин Владимир Николаевич баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо имрӯз бо тамоми ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла БАОР дар самти ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ тақвият ёфта истодааст.

Инчунин Завқизода З. А. муҳиммияти тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои мавҷудаи БАОР-ро таъкид намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо даъват ба амал овард.

Ҷаноби Якунин дар навбати худ барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки БАОР татбиқи ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои вазоратро дар самти маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок дастгирӣ мекунад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.