Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ботантана ҷашн гирифта шуд
8 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иқтисодчиёни кишвар ва кормандони вазоратро бо ҷашни касбӣ шодбош гуфта, баён намуд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ширкат меварзанд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Аз ҷумла дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 фоиз, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз, боркашонӣ 11,5 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гардид. Мавриди қайд аст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 4,8 фоиз ташаккул ёфтааст.
Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Имрӯзҳо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳнамоии зерини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор додаанд:
«Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ кормандони фаъоли вазорат ва собиқадорони соҳаи иқтисод, ки синнашон ба нафақа расидаанд барои хизматҳои арзанда бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардонида шуданд.
Қайд бояд кард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар кишвар 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён ҷашн гирифта мешавад.