Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори кишварии ФБРК дар Тоҷикистон
8 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҷаноби Роберто Лонго, Директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) дар Тоҷикистон, баргузор гардид.
Зимни вохӯри ҷонибҳо доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар давоми 15 соли охир натиҷагирӣ карданд. То ба имрӯз, ҳаҷми умумии маблағгузориҳои мустақими ФБРК ба соҳаи рушди деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 115 миллион доллари ИМА расида, зиёда аз 300 ҳазор хоҷагии деҳот аз татбиқи лоиҳаҳо манфиат гирифтаанд. Айни ҳол, лоиҳаҳои амалкунандаи ФБРК дар Тоҷикистон маблағи умумии 57,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид дошт, ки Барномаи нави COSOP бояд пурра ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқ бошад. Аз ҷумла аҳамияти дастгирии рушди зерсохторҳо дар деҳот, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи муҳити зист, тақвияти нақши занон ва ҷавонон дар раванди рушди деҳот таъкид гардид.
Роберто Лонго аз ҳамкории муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши калидии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар самти ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ФБРК изҳори миннатдорӣ намуда, ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Тарафҳо омодагии худро барои таҳияи ҳуҷҷати босифат, фарогир ва воқеъбинона баён намуда, барои идомаи ҳамкорӣ дар самти рушди устувори деҳоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд.