Навиди Вазорат



Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид

.

  

22 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон Геворг Папоян баргузор гардид.

 

Пеш аз ҷаласаи Комиссияи мазкур вохӯрии дуҷонибаи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ гузаронида шуд.

Завқизода З. А. баён намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, экологӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба энергетика ва рушди сабз, аз ҷумла ташаббусҳои муштарак дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия — сохтмони НБО-и хурду миёна ва рушди энергетикаи офтобӣ бо ҷалби сармояи мустақим корбарӣ менамоянд.

Қайд гардид, ки гарчанде гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2024 ду баробар афзоиш ёфта бошад, ҳаҷми он ҷавобгӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар нест.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки баргузор намудани форумҳои муштараки соҳибкорӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи ҳайатҳои соҳибкорӣ имконоти нави густариши гардиши савдои дуҷонибаро фароҳам меорад.

Иқдомҳои номбурда барои афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамоянд.

Инчунин Завқизода З. А. ҷиҳати иштироки ҳайати расмии ҷониби Арманистон дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон Геворг Папоян дар навбати худ, ҳавасмандии ҷониби Арманистонро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди тиҷорати дуҷониба иброз намуд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур ҳамраисони Комиссияи Тоҷикистону Арманистон Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистонро ба имзо расониданд.

Чорабиниҳо дар фазои дӯстона доир гардида, дар натиҷа тарафҳо бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудбуда омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.