Навиди Вазорат



Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ дар бораи натиҷаҳои соли 2024 ва баррасии солонаи Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид

.

  

24 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, инчунин бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ - аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ дар бораи натиҷаҳои соли 2024 ва баррасии нақшаи солонаи Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои соли 2025 баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар устувории иқтисодӣ таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва комёбиҳои беназир ноил гардид.

Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 танҳо дар 10 соли охири давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 млрд. сомонии соли 2014 то 153,4 млрд. сомонӣ дар соли 2024 ё 3,4 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 5,5 ҳазор сомонии соли 2014 то 14,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2024 ё 2,7 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 24,2 млрд. сомонии соли 2014 то 147 млрд. сомонӣ дар соли 2024 ё 6,1 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 20,4 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 3670 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 3076 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои СММ, аз ҷумла роҳбари дафтари Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ Лазима Онта Бхата, Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон Агаси Арутюнян, Роҳбари Дафтари СММ оид ба ҷиноят ва маводи мухаддир Мақсудҷон Дулиев ва Роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ Кристин Товмасян натиҷаҳои фаъолияти муштарак вобаста ба натиҷаҳои ҳисоботи солонаи СММ дар 2024 ва баррасии нақшаи солонаи Чаҳорчӯби ҳамкориро барои соли 2025 муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои худ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва СММ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи босамар бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушд омодагӣ изҳор гардид.