Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарияти минтақавии Бонки Исломии Рушд
14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Мудири амалиёти кишварии Гурӯҳи БИР ҷаноби Али Хан баргузор гардид.
Қайд гардид, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Дар рафти вохӯрӣ, Завқизода З. А. ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БИР дар кишвар ва лоиҳаҳои афзалиятноки дар марҳилаи баррасӣ қарордоштаро муҳокима намуда, масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтор, энергетика, обёрикунӣ ва маорифро мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дод.
Ҷонибҳо вобаста ба иҷрои ташаббусҳо ва пешниҳодҳо, ки дар доираи мулоқоти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд қайд гардида буданд, баррасӣ намуда, ҳамзамон масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои солонаи БИР ва ҳамоҳангсозии байниидоравии минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифт.