Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд вохӯрӣ намуд
19 майи соли 2025, дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки аз 19 то 22 майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Алжир баргузор мегардад, вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо Гурӯҳи БИР то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон БИР-ро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд 10-уми июни соли 2024 мувофиқаҳои бадастомадаро вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар пайгирӣ намуданд.
Қайд бояд кард, ки аз оғози ҳамкорӣ то имрӯз Гурӯҳи БИР ба иқтисоди миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.
Бо хушнуди қайд гардид, ки БИР лоиҳаи маблағгузории сохтмони НБО «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн. доллар, аз ҷумла 150 млн. доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб дастгирӣ намуда, раванди татбиқи он оғоз гардид.
Завқизода З. А. ба ҷониби бонк барои чунин дастгириҳо минатдорӣ баён карда, аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ - Дустӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва БИР барои солҳои 2023-2026 маблағгузориро зиёд намояд.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фируз ва Раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ иборат мебошад.
Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.