Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори кулли Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ

.

  

20 майи соли 2025 дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки аз 19 то 22 майи соли 2025 дар шаҳри Алжир баргузор мегардад, вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори кулли Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ 20-уми декабри соли 2023 ва мувофиқаҳои бадастомадаро вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар пайгирӣ намуда, татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаро дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус инфрасохтор, энергетикаи сабз, соҳаи иҷтимоӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.

Завқизода З. А. саҳми Фондро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ намуда, ҷиҳати бозҳам зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаҳои гунони иқтисодию иҷтимоӣ даъват ба амал овард.

Доктор Абдулҳамид Алхалифа омодагии Фонди ОПЕК-ро ҷиҳати идомаи маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон изҳор намуд.

Қайд бояд кард, ки Фонди ОПЕК аз оғози ҳамкорӣ то ба имрӯз ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла роҳсозӣ, энергетика, тандурустӣ ва маориф, тақрибан 200 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.

Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фируз ва Раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ иборат мебошад.

Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо роҳбарият ва намояндагони Корпоратсияҳои он идома доранд.