Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори навтаъини Бонки олмонии рушд дар Осиёи Марказӣ

.

  

3 июни соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо – Завқизода Завқӣ Амин бо собиқ Директори Бонки олмонии рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Андреас Шнайдер ва Директори навтаъини Бонк ҷаноби Петар Георгиев, ки қарор аст фаъолияти расмии худро барои Тоҷикистон аз 1 августи соли 2025 шурӯъ намояд, баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Завқизода З. А. миннатдории самимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба KfW барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баён намуда, таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои молиявию иқтисодии Олмон пайваста рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои амалкунандаи муштарак дар самтҳои иқтисодию иҷтимоии кишварро баррасӣ намуда, ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва сифатнокӣ онҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Завқизода З. А. ба ҷаноби Андреас Шнайдер барои роҳбарии сазовор ва саҳми арзанда дар рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ тули фаъолияти касбӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҷаноби Петар Георгиев дар иҷрои вазифаҳои нав комёбиҳо таманно намуд.

Инчунин Завқизода З. А. аз ҷониби Бонк ҷиҳати мусоидат ба масъалаи барқарорсозии мақоми Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои шарики расмии Олмон даъват ба амал овард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои нави рушд изҳор намуданд.