Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири давлатии савдои хориҷии Давлати Қатар

.

  

10 июни соли 2025 дар доираи Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар – Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Ҳамзамон Завқизода З. А. бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва пайгирии супоришҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи 14 лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва 3 лоиҳаҳои афзалиятноки хайриявӣ, бахусус сохтмони беморхонаи сироятӣ ва муассисаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват ба амал овард.

Вобаста ба ин ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергияи сабз ва барқароршаванда, саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдан, сайёҳӣ ва логистика ба мувофиқа расиданд.

Инчунин Завқизода З. А. Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар –Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайидро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон мусоид даъват намуд, ки аз он ҷониб бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.