Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид
25 июни соли 2025 дар шаҳри Токио ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, таҳти ҳамраисии ҷониби тоҷикистонӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва ҷониби ҷопонӣ намояндаи махсус оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, муовини директори генералии Раёсати Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Масаки Ишикава баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо Ҷопон тамоюл ва суръати баланди рушдро касб намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, логистика, рақамисозии иқтисод ва рушди захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар рафти ҷаласа афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва таваҷҷуҳи тарафайн ба кушодани хатсайрҳои мустақим миёни Душанбе ва шаҳрҳои Ҷопон ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими ҳамкории амалии иқтисодӣ таъкид гардид.
Дар бахши иқтисоди рақамӣ Тоҷикистон ба ҳадафи рақамисозии иқтисод то соли 2030 ишора намуда, муҳим будани дастгирии лоиҳаҳои марбут ба инфрасохтори рақамӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва рушди соҳибкории рақамиро таъкид кард.
Дар робита ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷонибҳо ба зарурати танзими низоми расмии муҳоҷират ишора намуда, ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ташкили механизми омӯзиши пеш аз сафарбарнамоӣ, платформаҳои иттилоотӣ ва марказҳои ҳамоҳангсозии дуҷониба изҳор дошт.
Дар посух, ҷониби Япония қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ гардида, ба дархостҳои ироагардида, аз ҷумла оид ба таъсиси маркази омӯзиши мутахассисон барои бозори меҳнати Ҷопон, дастгирии ширкатҳои муштарак ва густариши шабакаи омӯзиши забони ҷопонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки лоиҳаҳои амалкунандаи JICA, стипендияҳои JDS ва ташаббусҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои ихтиёриён омили муҳими рушди ҳамкориҳои илмӣ ва кадрӣ мебошанд.
Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас вобаста ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок дарҷ гардидаанд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссия Протокол ба имзо расида, пешниҳод гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссия соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.